Дар вақти «қабули» сӯзишворӣ дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ кормандони НФС чизҳои зеринро таҳлил ва назорат мекунанд:

  • набудани нохолисии механикӣ ва об;
  • мутобиқати ранг;
  • шаффоф будан.

Ҳангоми ба меъёрҳо мутобиқат накардани яке аз ин нишондиҳандаҳо мошини бензинкаш ба нуқтаи фурӯш қабул карда намешавад. Агар сифат ба стандартҳо мутобиқат намояд, оператор ҳамроҳи ронандаи таҳвилгар аз ҳар махзани (автосистерна) мошини бензинкаш барои ҳар навъи маҳсулоти нафтӣ «намунаҳо» мегирад. Ин намунаҳо дар нуқтаи фурӯш нигоҳ дошта мешаванд ва дар сурати шикоят кардани муштариён аз сифати сӯзишворӣ истифода бурда мешаванд. Ҳар моҳ дар ҳар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ таҳлили нақшаваии назорати сифати маҳсулоти нафтӣ ва ҳангоми аз муштарӣ ворид гардидани шикоят таҳлили ҳатмии ғайринақшавӣ анҷом дода мешавад. Махзанҳо (резервуар) мунтазам покиза карда мешавад ва ҳамчунин сатҳи дарунии онҳо бо моддаҳои зангзудой покиза карда мешавад.