Маҳсулоти нафтии

  • Москав
  • Ярославл
  • Омск

корхонаҳои коркарди нафти

Дар хамаи НФС-и муассисаҳои таъминоти маҳсулоти нафтии ҶСК «Газпром нефт» маҳсулоти нафтии корхонаҳои коркарди нафти Москв, Ярославл ва Омск фурӯхта мешавад, ки дар Руссия яке аз беҳтарин ва муосиртарин истеҳсолкунандагони бензинҳои автомобил, сӯзишвориҳои дизелӣ ва равғанҳо ба шумор мераванд. Маҳсулоти нафтии хубсифат кори боварбахш ва дарозмуддати техникаи автомобил ва автотракторро таъмин мекунад. Сифати сӯзишворӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории муассисаҳои таъминоти маҳсулоти нафтии ҶСК «Газпром нефт» комилан ба талаботи Қарори Ҳукумати Федератсияи Руссия аз 27-и февралӣ соли 2008 №118 ш. Москв «Дар бораи тасдиқи тартиботи техникӣ», «Дар бораи талабот ба бензини автомобил ва ҳавопаймо, сӯзишвории дизелӣ ва киштӣ, сӯзишвории дивигателҳои реактивӣ ва мазути сӯзанда» ҷавоб медиҳад. Маълумоти мо: мутобиқи тартиботи нави техникӣ бензини дараҷаи 2 бояд на камтар аз 92 миқдори октан ва на бештар аз 500 мг/кг сулфур (яке аз нишондиҳандаҳои асосии тозагии муҳити зист) дошта бошад. Сӯзишвории дизелии ин дараҷа низ бояд ҳамин миқдор сулфур дошта бошад. Бензини дараҷаҳои 3, 4 ва 5 бояд на камтар аз 95 миқдори октан ва таносубан на бештар аз 150, 50 ва 10 мг/кг сулфур дошта бошад, сӯзишвории дизелӣ бояд на бештар аз 350, 50 ва 10 мг/кг сулфур дошта бошад.