Расондани маҳсулоти нафтӣ ба НФС аз тарафи шӯъбаи логистика дақиқан нақшагирӣ ва назорат карда мешавад. Назорати риояи қоидаҳои боргирӣ аз тарафи хадамоти танзимоти худи муассиса анҷом дода мешавад. Хадамоти андозагирӣ (метрология) мунтазам дар пойгоҳҳои боргирӣ миқдори маҳсулоти нафтии ба мошини бензинкаш рехташударо тафтиш мекунад. Назорати ҳаракати мошини бензинкаш дар хатти сайри боррасонӣ ба роҳ монда шудааст. Ин системаи созмондиҳии назорат имкон медиҳад, ки дар вақти аз корхонаи истеҳсолкунанда то истеъмолкунандаи охирин «сафар кардани» маҳсулоти нафтӣ сифати сӯзишворӣ тағйир намеёбад.