Чоп кунед

«Газпром нефт» яке аз бузургтарин ва зудрушдкунандатарин ширкатҳои нафту гази Руссия аст.

Мутобиқи Фармони Президенти ФР дар соли 1995 ҶСК «Ширкати нафтии Сибир» (ҶСК «Сибнефт») таъсис ёфт. Муассиси ҷамъият давлат аст. Он ба сармояи асосии Ҷамъият бастаҳои давлатии саҳмияҳои муассисаҳои бузургтарини нафтии кишварро вогузор кард: ҶСК «Ноябрскнефтегаз», ҶСК «Ноябрскнефтегазгеофизика», ҶСК «Корхохаи коркарди нафти Омск» ва ҶСК «Омскнефтепродукт». Дар соли 2005 бастаи асосии саҳмияҳои ҶСК «Сибнефт»-ро Гурӯҳи «Газпром» харидорӣ кард. Пас аз он 13 майи соли 2006 Ширкат Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Газпром нефт» номгузорӣ шуд. «Газпром нефт» бузургтарин муассисаи гурӯҳи ширкатҳои «Газпром» аст. Вай аз ҷиҳати самарбахшии истеҳсол пешоҳанги соҳаи нафти Россия мебошад. Самтҳои асосии фаъолияти Ширкат истихроҷи нафту газ, хизматрасонӣ дар соҳаи нафту газ, коркарди нафту газ ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ аст. «Газпром нефт» ба панҷгонаи ширкатҳои бузургтарини Руссия дохил мешавад. «Газпром нефт» шабакаҳои фурӯши НФС-и худро фаъолона рушд мебахшад. Ширкат бо такия бо таҷрибаи ҷаҳонӣ ва густариши (васеъ кардани) маҷмӯаи хизматрасониҳояш дар НФС талош меварзад, ки шабакаи нуқтаҳои фурӯши сӯзашвории худро рушд бахшад. Ширкат дорои беш аз 1000 НФС мебошад, ки дар 17 минтақаи Руссия воқеъ гардидаанд. Шабакаи муассисаҳои фурӯши «Газпром нефт» ҳамаи сарзамини Руссияро фаро мегирад ва дар кишварҳои хориҷии наздик густариш меёбад:

  • Белоруссия
  • Қирғизистон
  • Қазоқистон
  • Тоҷикистон

Яке аз самтҳои бартари фаъолияти Ширкат созмон додани системаи муносиб ва самарбахши пардохти ғайринақдии маҳсулоти нафтӣ бо истифода аз корти сӯзишвории «Газпром нефт» дар НФС мебошад. То имрӯз бештар аз 1000 муассиса мизочони корпоративии Ширкат ба шумор мераванд.

Дар бораи ширкат